Изҳороти расмии ВКД ва КДАМ ҶТ
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Шаби 17 ба 18-уми апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 -и деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даромада, гӯшаи методӣ, овезаҳо, рӯзномаҳои деворӣ, ҷадвали дарсҳоро корношоям кардаанд. Ҳамчунин харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ва тафтишотӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи мазкур 2 нафар ноболиғ, хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доштаанд. Бино бар нишондоди моиндари Хуршед Раҳимов — Зарифамоҳ Акрамова, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст.
17-уми апрел моиндари Хуршед Раҳимов, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Неъматулло Раҳимов, тақрибан соатҳои аз 23:00-24:00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Хуршед ва Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Муайян шуд, ки воқеаи дар мактаби мазкур рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии баъзе аз сокинони деҳаи мазкур ва аъмоли авбошонаи ду ноболиғ содир шудааст.
Дар айни замон аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пурраи он давом дорад.
Ҳамин тариқ, иттилои иғвоангезонаи Радиои Озодӣ, ки ба ҷойи инъикоси ҳақиқати воқеӣ, бештар ба ҳангоматалабию ахбори гумроҳкунандаи ҷомеа дар такя ба манбаъҳои «худӣ» ё сарчашмаҳои «воҳимаангез»-аш афзалият медиҳад, оид ба пӯшонидани ҷанбаи сиёсӣ ба қазияи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт тасдиқ нагардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






