КҶВС беҳтарин суханварони ҷавонро муайян кард
Душанбе, 23.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Зимни баргузории як чорабинии фарҳангӣ дар маркази фарҳангию фароғатии ҷавонон -“Ориёно” озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин суханвари ҷавон” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки таҳия гардида буд, дар ду давр баргузор гардид. Дар озмун бештар аз 78 нафар ҷавони касбу кори гуногун ширкат варзида, 10 нафари беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷойи аввал насиби Аслиддин Хушвахтов гардида, ҷойи дуюмро Гулизор Пирова ва Фарзон Машарипов соҳиб шуданд. Марҷона Орипова ва Аҳмадхӯҷа Давлатов сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, ки бевосита ширкат дошт, мақсад аз баргузории озмунро дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод, баланд бардоштани донишҳои зеҳнӣ, қобилияти суханварии ҷавонон ва ба ин васила дарёфти истеъдодҳои ҷавон арзёбӣ намуд.
Гуфта мешавад, дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмуни мазкур Диплом — барои се ҷойи ифтихорӣ, Сипоснома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






