Кӯлоб: Маҷлиси машваратӣ оид ба рушди саноат

Апрель 16, 2015 11:16

 
Кӯлоб,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» Фарҳод Мадаминов).-Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини вазири кишоварзии ҶТ Ҷамила Саидова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулрӯ Қаюмова, раиси шаҳри Кӯлоб Амонулло Хайрулло, муовинони раис, сардорони шуъбаҳои мақомоти ҳукумати шаҳр, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Мақсади ҷаласа пайдо намудани роҳҳои рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Кӯлоб буд. Дар машварат муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иброз намуд, ки ҳар сол Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба рушди бештари саноат  супориш медиҳад. Ин дастур барои як соли пешомада ва ҳафт соли оянда нигаронида шудааст. Мо  бояд дар ин самт рушди иқтисодиро баланд бардошта, ба соҳибкорӣ бештар рӯ орем. Аз маълумотҳо бармеояд, ки мо 82% маҳсулотҳоро аз хориҷи кишвар ворид менамоем. Барои бо маҳсулотҳои худӣ таъмин намудан ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бояд тадбирҳои дақиқ андешем. 
Дар машварат таъкид гардид, ки соли гузашта аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол ба 103 соҳибкор 63 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид ва дар ин самт марҳила ба марҳила баҳри рушди соҳибкорӣ, бахусус бахши саноат аз ҳисоби фонд маблағҳо ҷудо  мешаванд. Ин нишондиҳанда дар соли 2015 дар ҳаҷми 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 
 
 

Апрель 16, 2015 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд