Кӯлоб: Оғози таъмири роҳҳо
Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Кӯлоб таъмири роҳҳо оғоз шуд. Тибқи иттилои Одина Ҳалимов, сардори Корхонаи воҳиди таъмиру барқарорсозии роҳҳои шаҳри Кӯлоб таъмири ҷории роҳҳо дар кӯчаҳои Назаров, Неъматов ва Сафаров ба итмом расида, дар кӯчаҳои Ҷумъа Алӣ ва Ҳувайдуллоев идома доранд.
Корҳои таъмирӣ бо маблағҳои буҷаи маҳаллӣ гузаронида шуда, барои анҷоми онҳо 65 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ низ корҳои таъмирӣ идома доранд.
Ба гуфти раиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳри Кӯлоб Азизулло Зиёев дар айни ҳол дар 27 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 2 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар километри якуми роҳи Гулистон-Хонобод як пул таъмир шуда истодааст.
Бояд гуфт, ки дар ихтиёри муассисаи мазкур 223 км роҳҳо мавҷуданд. Дар пасманзари таъмири ҷории роҳи кӯчаву маҳаллаҳо қарор аст 24 км роҳҳои дохилишаҳрӣ аз ҷониби ширкати чинии «Бейси» оғоз шаванд. Дар айни ҳол корҳои лоиҳакашӣ оғоз шуда, рӯзҳои наздик техника ва механизмҳои лозимӣ ба Кӯлоб ворид хоҳанд шуд. Дар навбати аввал 6 км роҳҳои дохилишаҳрӣ таъмир хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






