Кӯлоб: омодагӣ ба ҷашнҳо
Кӯлоб,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб корхои омодагӣ бахшида ба ҷашнҳои 700-солагии алломаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70- солагии Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ бо маром идома доранд. Хусусан кормандони соҳаи коммуналӣ дар ин рӯзҳо серташвишанд. Аҳли заҳмати корхонаи ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунии шаҳр баъди анҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ ба кӯчат намудани гулҳои мавсимӣ шуруъ намуданд.
Ба гуфти Сафол Абдулаҳадов, корманди Муассисаи давлатии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб ҳоло дар қитъаҳои гулпарварӣ ва гармхонаҳои муассисаи мазкур беш аз 50 ҳазор гулҳои мавсимӣ парвариш меёбад ва онҳоро дар хиёбону гулгаштҳои шаҳр кӯчат хоханд кард. Корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳо дар мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ низ вусъати тоза пайдо намудаанд. Дар айни замон роҳраву гулгаштҳо пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои таъмирӣ дар биноҳои ёрирасон идома доранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






