Кӯлоб: омодагиҳо ба ҷашни Ғалаба
Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи тадорукотии ҷашни 70-солагии Ғалаба баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагиҳо барои истиқболи сазовори ин ҷашн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ба хотири самимона пешвоз гирифтани ин сана дар шаҳри Кӯлоб нақшаи омодагиҳо таҳия шудааст, ки мутобиқи он то рӯзи истиқболи ид вохӯрии собиқадорони ҷанг дар идораву муассисаҳо баргузор шуда, аз ҳаёт ва фаъолияти онҳо тавассути ВАО барномаву мақолаҳо пахш ва нашр мешаванд.
Инчунин ҳамаи нимпайкараҳои қаҳрамонон рангу бор шуда, муҷтамаи «Оташи ҷовид» таъмир мешавад. Дар ин радиф, таъсиси конфронсу вохӯриҳо, баргузории мусобиқоти мухталифи варзишӣ ва аёдати собиқадорон дар назар дошта шудааст.
Дар айни ҳол дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 29 нафар собиқадори ҷанг зиндагӣ мекунад, ки пайваста аз ғамхориҳои давлат ва ҳукумат бархурдор мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






