Кӯлоб: Вохўрӣ бо прокурори вилояти Хатлон

Апрель 22, 2015 11:18

  Кўлоб, 22.04.2015.(АМИТ «Ховар» Фарҳод Мадаминов).- Бо иштироки  раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ва прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохўрӣ бо фаъолони шаҳр, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, имомхатибони масҷидҳои шаҳр ва деҳот  баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи  сатҳи ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав баррасӣ шуд. Раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло  тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни ҷавонон омили асосии беҳбуди кор дар ин самт дониста, аз ҳозирин даъват кард, ки дар ҳалли масъалаи мазкур, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бетарафӣ зоҳир накунанд. 
Зикр шуд, ки ҳар яки мо дар ин самт бояд аз ақлу заковат ва сиёсати пешгирифтаи давлат истифода кунем ва кӯшиш намоем, ки аз  ҷараёнҳои номатлуб пешгирӣ кунем. Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов бо таассуф зикр кард, ки чанде аз ҷавонони Кӯлобшаҳр низ ба сафи ҳаркатҳои тундгаро пайваста, чанд нафари онҳо кушта шудаанд ва аҳли ҷамоати шаҳрро даъват намуд, ки барои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ҳама дастаҷамъона саҳм гузоранд.
 
 

Апрель 22, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд