Китобхонаи миллӣ соҳиби китобҳои нав шуд
Душанбе, 28.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) хабар доданд, моҳи апрели соли равон ба КМТ аз ҷониби ноширон ва муаллифон ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ 667 номгўй китоб ворид шудааст.
Аз ҷумла: “Мунтахаби ғазалиёт”-и Ҷалолуддини Румӣ, ки нашриёти “Адиб” соли 2013 дар ҳаҷми 270 саҳифа чоп кардааст (3 нусха), романи Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”, ки дар нашриёти “Адиб” соле қабл интишор ёфтааст (3 нусха), ҷилди аввали “Куллиёт”- и шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ, нашри дуввум, ки соли 2010 “Адиб” чоп кардааст (3 нусха), романи адиби равоншод Шодон Ҳаниф бо номи “Беҳзод”, нашриёти “Адиб”, соли 2014 (3 нусха), “Баҳористон”- и Абдураҳмони Ҷомӣ (нашри чорум) ва чандин китоби дигар дастрас гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






