Конфронс бахшида ба ҷашни Ғалаба
Кӯлоб, 30.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Истиқбол аз 70- умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ- ин арҷгузорӣ ба хизмати софдилонаи иштирокчиён, бедор намудани зиракии сиёсӣ дар тинати насли ҷавон ва маҳбубият доштан ба марзу буми меҳан мебошад. 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллои Рўдакӣ ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад, ки дар шаҳри Кўлоб як зумра чорабинию конфронсҳои илмӣ- назариявӣ доир гардида истодаанд. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бо иштироки масъулини мақомоти ичрооияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, сафири Чумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои минтақа ва олимону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кўлоб барпо гардид. Зикр шуд, ки шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳру деҳоти Кўлоб 29 нафар боқӣ мондааст, ки зери ғамхориҳои давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон аз ҷоннисориҳои тоҷикписарон дар озод намудани шаҳру деҳкадаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ёдовар гардида, афзуд, ки феълан хизматҳои чунин диловарони Ватан қадр мешаванд. Тадбирҳои ҷашнӣ дар шаҳру деҳоти Кўлоб шуруъ аз моҳи апрел идома дошта, иштирокчиёни ҷангу меҳнат аз даҳшатҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақл менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






