Конфронс: “Маводи кимиёвии прекурсорҳо ва моддаҳои нави психоактивӣ”
Душанбе, 29. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Маводи кимиёвии прекурсорҳо ва моддаҳои нави психоактивӣ” доир гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои ҷаҳон, инчунин намояндагони як силсила созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар конфронс корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ намояндагӣ намуд. Тибқи барномаи конфронс масъалаи паҳншавии босуръати воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии нав, аз ҷумла навъҳои синтетикии онҳо ва пешгирии ихроҷи моддаҳои кимиёвӣ ба роҳҳои ғайриқонунӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамчунин мушкилоти самти мазкур ва натиҷаҳо дар таҳия ва амалӣ гардидани барномаҳои соҳавии ҳукуматҳо, ташаббусҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ барои пешгирии ихроҷи прекурсорҳо ба роҳҳои ғайриқонунӣ ва пурзӯр кардани назорат аз болои муомилоти қонунии прекурсорҳо мавзӯъҳои асосии конфронси мазкур буд. Иштирокчиёни конфронс инчунин дар бораи мусодираи прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла навъҳои нави мухаддироти сунъӣ, мушкилоти гирифтани онҳо ба назорати миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби дар амал татбиқ гардидани низоми байналмилалии PEN ON LINE оид ба пешниҳоди ахбори пешазворидотии прекурсорҳо сухан гуфтанд.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






