Конфронси илмӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ
Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар раёсати Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки намояндагон ва олимони сармутахасиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, сардори Идораи методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Вазорати молияи ҶТ, ва дигар донишгоҳу донишкадаҳо конфронси илмӣ- амалӣ доир гардид.Дар конфронс дар мавзуи муаммоҳои гузариш ба СБМҲ дар корхонаҳи саноатӣ, танзими давлатии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар ҶТ, тартиби баҳисобгирии захираҳо, танзими фаъолияти аудиторӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он маърӯзаҳо шунида шуданд.Дар конфронс назари олимон ва муҳосибони аҳли амал ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафкунии онҳо баррасӣ гардид.Иштирокчиёни конфронс тасмим гирифтанд, ки аз натиҷаи кори худ барои беҳбуди раванди татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар ширкатҳои ватанӣ пешниҳодҳои муфид таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






