Конфронси ноҳиявӣ бахшида ба Соли оила
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ҳафтаи гузашта бахшида ба Соли оила конфронси ноҳиявӣ гузаронд, ки дар он фаъолони ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин ва тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.Мутахассисони соҳаҳои маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тандурустӣ ва дин оид ба паҳлуҳои гуногуни масоили оила ва маърифати оиладорӣ дар мавзуъҳои «Оила-асоси ҷамъият ва рушди миллат», «Робитаи мактаб бо оила ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд», «Оила ва маърифати оиладорӣ аз дидгоҳи дини мубини ислом», «Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар оила. Омилҳои тиббӣ-генетикии зарари никоҳи хешутаборӣ» ибрози ақида намуданд.Дар конфронси мазкур муовини раиси ноҳия Б.Саидова фаъолонро даъват намуд, ки баҳри таҳким ва устувории оилаҳо, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани издивоҷкунандагон ва баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






