Корҳои фаҳмондадиҳии КҶВС ва ККЗО ба бонувону ҷавонон
Душанбе, 20.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мулоқоти роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ва Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода бо бонувону фаъолзанони донишгоҳ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар мулоқот масъулин масъалаҳои вобаста ба маърифати ҳуқуқии занон, коҳиш додани сатҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон, интихоби дуруст ҳангоми оилабарпокунӣ ва дигар мушкилоти ҳалталаби бонувону ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим вобастагии калон дошта, дар ин замина бонувони дорои маърифати баланд метавонанд саҳмгузор бошанд.
Гуфта мешавад дар доираи ин мулоқот дар донишкада намоишгоҳ ташкил шуд, ки дар он либосҳои миллӣ ва дастовардҳои бонувони донишкада ба намоиш гузошта шуданд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи нақшаи муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила чунин силсиламулоқотҳои роҳбарият бо донишҷӯён ва ҷавонон дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






