Корҳои кишти пахта вусъати тоза мегиранд
Хуҷанд, 14.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат мегиранд. Тавре ки аз идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло кишти пахта дар 7 ноҳияи пахтакори вилоят, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод идома дошта, дар майдонҳои кишти пахта асосан тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили “амрикоӣ”, “хитоӣ” ва “австралиягӣ” бартарӣ доранд.
Тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ пахтакорони вилоят азм доранд дар майдони 54 ҳозор га кишти пахта гузаронида, дар маҷмӯъ зиёда аз 105 ҳазор тонна пунбадона ҷамъоварӣ намоянд.
То охири даҳаи аввали моҳи равон дар майдонҳои кишоварзии шимоли кишвар кишти пунбадона дар майдони 15 588 га гузаронида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






