Корҳои созандагӣ дар ШВКД-и Бохтар ва Вахш
Душанбе, 06.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бохтар ва Вахш омада, баъди таъмири пурра онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки зимни боздид аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шуъбаҳои мазкур вазири корҳои дохилӣ, ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва фароҳам овардани шароити хуби хизматӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки корҳои ободонию созандагӣ дар шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ин ноҳияҳо ва соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуда, чунин корҳои созандагӣ дар дигар шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо низ идома доранд.
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ Рамазон Раҳимзода бо корҳои таъмиру таҷдид дар ШВКД шаҳри Қурғонтеппа шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






