«Корвони саломатӣ» дар Кӯлоб
Кӯлоб,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кишвар «Корвони саломатӣ» гузаронида мешавад, ки беҳтарин мутахассисони соҳа ба таври ройгон сокинонро ташхис менамоянд.
Чанде пеш «Корвони саломатӣ» бо ҷалби беш аз 20 нафар профессору духтур дар назди бинои Маркази саломатии шаҳри Кӯлоб беморонро ташхису муоина кард.
Бино ба иттилои Шайдулло Шарифов, корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муоинаи сокинони ин минтақа дар баробари ҷалби мутахассисон, инчунин техникаи муосири соҳавӣ низ истифода мешавад. Дар давоми 5 соат 130 нафар аз ташхиси рентгенӣ, беш аз 200 нафар ташхиси ултрасадоӣ ва 15 нафар тамогрофӣ гузаронида шуд. Ҷарроҳии бемороне, ки мувофиқи нақша дар ин рӯз муайян гардида буд, ба тарзи ройгон сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






