Кумаки мақомот ба донишҷӯён
Рашт, 29.04.2015. (М. Ризвонов. АМИТ «Ховар»).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тибқи нақшаи корӣ имсол низ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо донишҷӯдухтароне, ки дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии кишвар аз тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ ташкил намуд. Вохӯрӣ дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Холмаҳмад Ортиқов, намояндаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони мактабҳои олӣ иштирок карданд. Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода дар вохӯрӣ оид ба масоили гуногуни рӯз бо онҳо суҳбат намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои 91 нафар духтарони донишҷӯ ба маблағи 100 сомонӣ кумаки яквақта расонид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






