Курси футболи оммавии ФИФА шурӯъ шуд
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе Курси байналмилалии ФИФА оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» шурӯъ шуд.
Курси мазкур се рӯз идома ёфта, дар он 20 нафар дастурдиҳандаи маҳаллӣ, мутахассисон ва мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакона аз тамоми манотиқи кишвар донишҳои амалӣ ва назариявии худро сайқал медиҳанд. Роҳбари курс дастурдиҳандаи ФИФА оид ба футболи оммавӣ Александр Чернухо аз Ҷумҳурии Беларус мебошад.
Дар рӯзи аввали машғулиятҳо дастурдиҳандагон ба барномаи ФИФА шинос шуда, фалсафаи футболи кӯдакона- оммавӣ, тарзи ташкили фестивалу мусобиқаҳоро байни кӯдакон аз худ менамоянд ва инчунин маърӯзаи дастурдиҳандаи ФИФА- ро оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» аз худ мекунанд.
Семинари таълимии мураббиён аз се қисм: назариявӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ- тамринӣ ва ташкили фестивали футболии кӯдакона- оммавӣ иборат аст.
Дар фестивале, ки рӯзи ҷамъбасти курс доир мегардад, кӯдакони аз 8 то 12 сола иштирок карда, вазифаву супоришҳои мураббиёни иштирокчии курсро иҷро менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






