Курсии сухангӯи Убайдуллоев ҳанӯз холист?
Душанбе, 23.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳанӯз шаҳрдори Душанбе дар мавриди таъйини сухангӯяш амре судур накардааст. Дар ин хусус аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Назар ба хабари бархе расонаҳои мустақили кишвар, ки дар хабарҳояшон навиштаанд, гӯё Шаҳло Мӯсоева -собиқ мудири ТВ «Пойтахт» ба ҳайси сухангӯи раиси шаҳр таъйин шудааст, комилан саҳеҳ нест. Корманди масъули шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки Шаҳло Мӯсоева бо қарори раиси шаҳри Душанбе мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид, ки ин вазифа бо вазифаи сухангӯи раиси шаҳр ягон иртибот надорад.
То 20 апрел Шавкат Саидов ба ҳайси котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Мавсуф 20 апрел бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба вазифаи директори ТВ «Пойтахт», ки муассисаш шаҳрдории Душанбест, таъйин гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






