“Лайлӣ ва Маҷнун” боз дар саҳнаи Театри опера ва балет

Апрель 23, 2015 14:13

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Марҳабои Азамат).- 30 апрел Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети афсонавии “Лайлӣ ва Маҷнун”- ро манзури  ҳаводорони санъат мекунад.
Тавре ки аз Театри опера ва балет хабар доданд, бастакори номӣ  Сергей Баласанян барои балети “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки дар асоси достони машҳури Низомии Ганҷавӣ офарида шудааст, оҳангҳои зебою дилнишинро офаридааст.
“Эҷодиёти Сергей Баласанян хусусияти интернатсионалӣ дошта, дар он фолклори кишварҳои мухталифи Шарқ ҳис карда мешавад.
Доираи манофеи эҷодии С.Баласанян эҷодиёти халқии Арманистону Тоҷикистон, Африқо ва Амрикои лотиниро фаро мегирад”,- зикр намуд сарбалетмейстери театр Мария Левитская.
Ба гуфтаи Мария Левитская, ҳаводорони санъат ҳангоми тамошои балети “Лайлӣ ва Маҷнун” бори дигар бо ҳунарпешагони дӯстдоштаашон Муҳаммад Аминзода, Александр Бахман, Умед Сангализода, Бахтиёр Давлатов, Комила Ҷобирова, Мавлуда Орифова ва ғайра вомехуранд.

Апрель 23, 2015 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд