Лоиҳаи нави Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 8.04.2015. ( АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-6 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо иштироки муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Саҷико Катаука ҷаласа доир гардид.
Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи лоиҳаи нави Бонки ҷаҳонӣ, ки ба воситаи ДМИТ татбиқ намудани он дар назар гирифта шудааст, маълумот дод. Ў иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар курсҳои кўтоҳмуддат мутахассисонро тайёр намуда, барои бо ҷойи кори мувофиқ таъмин шудани онҳо мусоидат менамояд.
Ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр кард, ки ДМИТ бо дастгирии Вазорати молияи ҶТ аз ҷиҳати моддию техникӣ ҳаматарафа таъмин буда, дар айни ҳол татбиқи даври дуюми Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идораи молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ» дар ДМИТ идома дорад, ки он барои дастгирии татбиқи ислоҳоти низоми идораи молияи давлатӣ нигаронида шудааст. Феълан як гурўҳ омўзгорон курси забономўзӣ ва моделсозии иқтисодӣ ва ояндабинии иҷтимоию иқтисодиро гузашта, дар ояндаи наздик метавонанд дар идораи молияи давлатӣ пешниҳодҳои судманд намоянд, гуфт ректор.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






