М. Убайдуллоев ба сухангӯяш мансаб дод
Душанбе, 20.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» таъйин гардид. Дар ин хусус 20 апрел раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Аз шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, алҳол мушаххас нест, ки директори собиқи ТВ «Пойтахт» Шаҳло Мӯсоева ба кадом вазифа таъйин мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Шавкат Саидов беш аз даҳ сол сухангӯи раиси шаҳр буд.
Қаблан марҳум Раҳмон Остон, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва Шаҳло Мӯсоева ба ҳайси директори телевизиони «Пойтахт» фаъолият намудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






