М. Убайдуллоев раиси ММ МО ҶТ интихоб шуд
Душанбе, 17.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бо ҷонибдории 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи нахустини палатаи болоии Парлумони кишвар, ки имрӯз бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамин тариқ, М. Убайдуллоев дар зарфи панҷ соли оянда ҳамчун раис палатаи болоии Парлумони кишварро идора менамояд ва дар низоми давлатдории Тоҷикистон мансаби раиси Маҷлиси миллӣ баъд аз Президент дуюм эътироф мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллиро нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки яке аз куҳансолтарин яъзои Маҷлиси миллӣ маҳсуб меёбад, оғоз намуда, номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба мансаби раиси Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард.
Дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллӣ ҳамзамон дигар масъалаҳои ташкилӣ, аз қабили интихоби муовинони раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои палатаи болоии Парлумони кишвар матраҳ гардида, доир ба онҳо қарорҳои марбута қабул шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






