«Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия!»
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 то 25 апрели соли 2015 дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад. Мақсади чорабинии имсола баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариятҳои иммунизатсия мебошад. Мавзӯи чорабинӣ «Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия» мебошад. Иммунизатсия чун яке аз чорабиниҳои муваффақ ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардида, боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад.
Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ мегардонад.
Дар Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия — 2015, гузаронидани як силсила чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз шаклҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Инчунин мизи мудаввар бо иштироки намояндаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналхалқӣ ба мисоли Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид, Оҷонси ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA)ва воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






