«Майдони қаҳрамонон» дар Конибодом
Хуҷанд, 18.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба ва ҳамзамон чун нишони эҳтирому сипосмандӣ ба иштирокчиёни ҶБВ, инчунин рамзи арҷгузорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнати ақибгоҳ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом хиёбони фарҳангиву фароғатии «Майдони қаҳрамонон» бунёд гардида истодааст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти маҳаллии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар мавзеи мазкур аз ҷониби сохтмончиёни корхонаи «Қандсохтмон» корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Ҳамзамон баҳри бунёди «Майдони қаҳрамонон» дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” суратҳисоби махсуси «Садоқати Конибодом» кушода шудааст, ки аз ҷониби корхонаву ташкилоти гуногуни шаҳр, соҳибкорону шахсони саховатпеша маблағҳои муайян ворид мегарданд.
Мавзеи «Майдони қаҳрамонон» дар арафаи таҷлили рӯзи Ғалаба ба истифода дода шуда, майдони мазкур бо гулу дарахтони ҳамешасабз, нишастгоҳҳои истироҳатӣ ва фаввораҳо оро дода шуда, инчунин дар ин ҷо нимпайкараи 26 нафар собиқадорони меҳнати сотсиалистӣ ва 2 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Конибодом ҷой дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






