Марди накуном намирад ҳаргиз…

Апрель 17, 2015 11:11

Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Суҳроб Шарипов, сиёсатмадори маъруфи тоҷик ва олими  саршиноси соҳаи сиёсатшиносӣ  18 апрел ба синни мубораки 52  мерасид. Ин марди шариф дар замони шӯравӣ таҳсил карда, аспирантураро дар Федератсияи Русия ба итмом расонид ва муддате дар ин кишвар фаъолият  кард, вале камолоти эҷодӣ ва ташаккули вай чун олим, сиёсатшинос ва шахсияти давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол поягузорӣ шудааст.
Ӯ соли 1963 дар хонаводаи олими машҳури тоҷик, доктори илмҳои  фалсафа, профессор  Иброн Шарипов  таваллуд шудааст. Вай сифатҳои оливу неки инсонӣ, чун поквиҷдонӣ, садоқат, ростқавлӣ, муҳаббат  ба миллату Ватани худ- Тоҷикистонро аз оила, аз қиблагоҳаш ба мерос гирифтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 77-и шаҳри Душанбе ба факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил мешавад. Баъд аз хатми донишгоҳи мазкур дар соли 1988 ба Ватан бозгашта, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси устод ба кор машғул мегардад. Соли 1990 боз ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуда, соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Ҳад ва имкониятҳои озодӣ» дар риштаи «Фалсафаи  сиёсатшиносӣ»  бомуваффақият  ҳимоя мекунад. То соли 1998 дар ҳамин донишгоҳ ба сифати корманди илмӣ кор кардааст. Дар давраи таҳсил дар аспирантура, дар солҳои мушкилу вазнини давраи гузариши буҳронии солҳои 90-ум ба хотири таъмини рӯзгор, ҳамзамон бо иҷрои корҳои илмӣ, чун коменданти хобгоҳ, посбон, миёнарави ширкат, назоратчӣ дар бозори «Лужники» кор кардааст, ки ин ҳам таҷрибаи хуби зиндагӣ ва дарси ҳаёт барои олими ҷавон гардид.
Шодравон Суҳроб Шарипов дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳамроҳи И.Сатторов,  ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия, Р.Сафаров — эроншиноси маъруфи тоҷики муқими Русия, Х.Муҳаббатов-олим, арбоби ҷамъиятии муқими Маскав, П. Муллоҷонов — сиёсатшиноси  тоҷик ва дигарон  нахустин созмони фарҳангии тоҷикон дар Русия «Суғдиён»-ро таъсис доданд. Онҳо дар ҳаёти иҷтимоии Русия ва ҳифзу муаррифии фарҳанги тоҷикон барои ҷаҳониён корҳои назаррасро анҷом доданд.
Соли 1998 дар ҳаёти ӯ саҳифаи нав боз мешавад. Вай ба Ватан баргашта, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мудири шуъбаи сиёсати дохилӣ  ба фаъолият машғул мешавад.
Суҳроб  Шарипов моҳи ноябри соли 1998 ҳангоми таҷовузи ҷинояткоронаву террористонаи Маҳмуд Худойбердиев аз ҷумлаи сиёсатшиносони камшумор буд, ки чандин рӯз мунтазам дар тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон суханронӣ намуда, мардумро ба иттиҳод, ваҳдат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ даъват мекард ва тавонист дар ҷанги иттилоотӣ, ки бар зидди Тоҷикистон ба роҳ андохта буданд, ба бадхоҳони миллати  тоҷик ҷавоби дандоншикан диҳад. Вай чун олим, сиёсатшинос ва ватандӯст камол меёфт. Мақолаҳои рӯзмарраву муҳим ва нишонрасу ҳадафманди вай дар ҷомеа аксуламали ҷиддӣ ба миён меоварданд. Сабк, тарзи ифодаи фикр, хулосаронию натиҷагирӣ ва бардошти устод аз рӯйдодҳои ҷомеа бо нотакрории худ, мантиқи худ, масъулият ва таҳаммулпазирии хеш дар баробари андешаи дигарон фарқ мекарданд. Метавон гуфт, ки вай асосгузори сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистони муосир мебошад. Инро на танҳо коршиносону олимони Тоҷикистон, балки олимон ва мутафаккирони дигар кишварҳо низ  эътироф мекунанд. 
Суҳроб Шарипов яке аз коршиносони варзида ва таҳлилгари Созмони ҳамкории Шанхай буд. 
Ӯ дар байни олимон ва коршиносони ҶМЧ, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Ҳиндустон, Муғулистон, Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Исроил аз обрӯю ҳайсият ва эътибори хос бархурдор буд. Мақолаҳо ва таҳлилҳои  илмию ояндабинии вай  дар ИМА, Фаронса, Олмон, Полша, Австрия, сохторҳои таҳлилии СММ, СААД, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ  маълуму машҳур буданд. Вай ҳамеша ба ҳимояи манфиати миллӣ ва давлатии Тоҷикистон суханронӣ намуда, фарҳанги хуби баҳс, таҳаммулпазирӣ нисбат ба мусоҳибон ва дигарандешони сиёсиро дошт, ки ин ба кам касон муяссар мешавад.
Чунин хислатҳои наҷиби Суҳроб Иброновичро ба назар гирифта, ӯро муовини мудири шуъбаи итилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва роҳбари бахши таҳлилӣ таъйин мекунанд. Баъдан ӯ ба ҳайси  ёвари  Президенти ҶТ ифои вазифа менамояд.
Соли 2005 Суҳроб  Шарипов боз  ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба кор баргашт, вале ин дафъа чун роҳбари ин ниҳоди бонуфузи таҳлилӣ-ояндабинӣ. Дар ин мақом истеъдоди роҳбарии ӯ ва сифатҳои дигари вай чун олим ва таҳлилгар хубтар намоён гардиданд ва эътибораш дар ҷомеа афзуд. Ҳамкорон ва журналистон Суҳроб Иброновичро  шӯхиомез «яке аз аввалин сиёсатшиносони Тоҷикистон», «стратеги  рақами яки кишвар» меномиданд, вале дар ин шӯхӣ ҳақиқат  ниҳон буд. 
Дар давраи роҳбарии вай МТС-и назди Президенти ҶТ на танҳо ба маркази таҳлилии минтақа, балки ба ниҳоди бонуфузи таҳлили масоили мубрами вобаста ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, робитаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ ва ояндабинии равандҳои рушди ҷомеаи мухталиф табдил ёфт. Сохторҳои бонуфузи таҳлилӣ ва илмии байналмилалӣ ба мазмуну моҳияту мантиқи таҳлилу ояндабинии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ арзиш қоил мешуданд. Марказ як навъ ниҳоди илми тадқиқотӣ  миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат гардид. Устод тамоми масъулиятро ба дӯши худ гирифта, вазифаҳо ва ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро воқеъбинона ва боҷуръат таҳлилу арзёбӣ карда, шарҳу эзоҳ медод. 
Устод ба кори илмии бунёдии сиёсатшиносӣ идома медод. Дар соли 2000 бо ибтикори вай дар Тоҷикистон нахустин Шӯрои илмии ВАК-и Русия оид ба ҳимояи рисолаи докторӣ дар илми сиёсатшиносӣ таъсис ёфт. 
Суҳроб Шарипов дар синни 37 рисолаи илмиро ҳимоя карда, унвони доктори сиёсатшиносиро гирифт. Ӯ даҳҳо  шогирдон — унвонҷӯ ва аспирантҳо аз Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Русия, Тоҷикистонро тарбия карда, ба кори илмии онҳо роҳбарӣ мекард ва онҳоро чун олиму коршинос  ба камол расонидааст. Дувоздаҳ  нафар таҳти роҳбарии вай рисолаи номзади илм ва докториро ҳимоя кардаанд. Аз  ҷумла, ҳафт нафар унвонҷӯй ва аспирант рисолаҳои номзадии худро зери назари бевоситаи ў омода карданд.  Бояд гуфт, ки дар соҳаи илми сиёсатшиносӣ дар Тоҷикистони муосир бе машварат, тақриз ва тавсияи муфиди Суҳроб Шарипов ягон кори илмӣ амалӣ намешуд. Вай дар Тоҷикистон мактаби муосир, касбӣ ва таҳлилии сиёсатшиносиро ба вуҷуд овард. Муаллифи ду монография ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва иштирокчии садҳо конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буд. Устоди равоншод унвони профессориро дар синни 50  касб намуд. 
 Суҳроб Шарипов  шахсияти саршиноси иҷтимоӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба ҳисоб мерафт. Ба ақидаи коршиносон, бо омадани вай ба Парлумон баҳс бар сари масоили мубрами ҳаёти ҷомеа ва тасвиби қонунҳои сарнавиштсоз ҷиддитару шадидтар шуд. Беҳуда нест, ки Суҳроб Иброновичро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси МН ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва дигар шахсиятҳои бонуфузи кишвар  ҳимоятгари фаъоли  манфиатҳои ҳаётан муҳими давлати муосири тоҷикон номидаанд.
Ҳарчанд Суҳроб Ибронович ҳанӯз аз синни ҷавонӣ дар ҷодаи сиёсат фаъолу донишманд буд, вале афсӯс, ки боқимондаи умр кифоят накард, то нақшаҳои стратегии давлатро, ки дар сар дошт, бобати бештар муаррифӣ намудани миллати  тоҷик дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ пиёда созад. 
20 марти  сол 2015 рӯзномаи «Нигоҳ»  шодравон Суҳроб  Шариповро  сиёсатмадори сол  ва чеҳраи сиёсии кишвар элон намуд ва зикр гардид, ки ӯ бо озодандешӣ ва ростгӯӣ  шуҳрат дошт. Назарашро на ба манфиати як гурӯҳ ё ҳизб, балки ҷиҳати манофеи миллии Тоҷикистон баён мекард. Аз сиёсатмадорони насли нав буд, ки дар фазои сиёсии кишвар  ҳузури чашмрас дошт. 
Аммо, мутаасифона,  марги  нобаҳангом устод Суҳроб Шариповро дар синни 52, дар давраи камолоти умр, эҷодкорӣ, амалисозии нақшаҳои стратегие, ки метавонистанд ба манфиати давлату миллат бошанд, бо худ бурд. 19-уми январи соли 2015, соати 12-10 дақиқа дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе Шарипов Суҳроб Ибронович ин дунёро падруд гуфт.   
 Дар рўзи ҷанозаи марҳум раиси парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон ба хонаводаи марҳум тасаллият изҳор намуда, гуфт, ки марги Суҳроб Ибронович барои Тоҷикистон талафоти ниҳоят калон аст. Ӯ сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ буд.  
   Худованд  ҷои Устоди равоншоди моро    ҷаннатулмаъво, руҳашро шод ва қабрашро пурнур гардонад.
Мо, шогирдонаш ифтихор мекунем, ки чунин устоди ҷасуру донишманд, шахси ватандӯст, содиқ, вафодор, ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат ва Ватан доштем.
 
   Саъдиё,  марди накуном намирад ҳаргиз,
         Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд. 
 
 
Ҳикматулло Хоҷаев, корманди 
Маркази тадқиқоти стратегии 
назди Президенти ҶТ 
 
 

Апрель 17, 2015 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт