Маркази хизматрасонии бонкӣ дар Хистеварз
Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар маркази деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба наздикӣ бинои нави маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонантбонк” ба истифода дода шуд. Бинои нави маркази хизматрасонии бонкӣ дар Хистеварз бо харҷи беш аз 270 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Танҳо дар соли сипарӣ бинои филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Исфара, Конибодом ва Спитамен баъди анҷоми тармими асосӣ, таҷдидан ба истифода супурда шуданд. Ҳамаи ин биноҳо солиёни зиёд таъмир нашуда, дар вазъи ногувор қарор доштанд ва баъди таъмиру навсозӣ дар ин ҷо тамоми шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуд. Илова бар ин таҷҳизоти дигари техникии ин филиалҳо низ нав шуданд ва бо ин мақсад зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф гардид,” — таъкид дошт сарвари филиали №23 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода. Бино ба гуфтаи ӯ корҳои таъмиру навсозӣ имсол низ идома хоҳанд ёфт ва бинои филиалҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ғончӣ, Истаравшан ва Айнӣ бо тарзу усули замонавӣ навсозӣ гардида, бо мебел, мизу курсиҳои нав таъмин мешаванд. Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ имсол маблағгузорӣ ба ин гуна корҳо нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд шуда, 2,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, дар ин ҷо се маркази хизматрасонии “Амонатбонк” фаъол буда, ба мизоҷон, аз ҷумла ба зиёда аз 4700 нафар нафақахӯр хидмат мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






