Маросими дипломсупорӣ дар Академияи ВКД ҶТ
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон ва сардори Академияи мазкур Шарифзода Файзалӣ маросими дипломсупорӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зикр намуд, ки тӯли солҳои донишомӯзӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шунавандагон ва курсантон аз паҳлӯҳои гунонуни фанни ҳуқуқшиносӣ бархурдор гардида, донишу малакаи худро боз ҳам мукаммал менамоянд, зеро фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ гуногунҷабҳа буда, дар факултаи мазкур мутахассисони соҳаи тафтишот, самти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва дигар бахшҳо омода гардида, ҳамчун соҳибкасб фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки имсол факултаи сеюми Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо ихтисоси ҳуқуқшинос 125 нафар ва бо ихтисоси оташнишон 19 нафар хатм намуда, соҳиби маълумоти ҳуқуқшиносӣ ва диплом гардиданд.
Шароити таҳсил дар Академия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, он имкон фароҳам меоварад, то ки шунавандагону курсантон паҳлӯҳои гуногуни илмҳои ҳуқуқшиносиро аз бар намуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






