Машқҳои муштараки ҳарбӣ дар Қирғизистон
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи нақшаи ҳамкориҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2014-2015 аз 21-ум то 25-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Токмоки Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштараки ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шароити кӯҳсор гузаронида мешаванд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳои муштарак гурӯҳи амалиётӣ ва як ҷузъи таъйиноти махсуси қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо роҳбарии муовини сардори шуъбаи Раёсати амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Исмоил Ҳомидов ширкат меварзад.
Мақсади гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ ин сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсии дар машқҳо ширкаткунанда, баланд бардоштани омодагии доимии ҳарбӣ дар мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, истодагарӣ намудан ба муқобили дигар таҳдиди эҳтимолӣ ва такмилдиҳии усули муҳосира ва маҳв кардани гурӯҳҳои ифротгаро, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад, дар шароити кӯҳсор мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






