Машварати Қоҳир Расулзода бо маорифчиёни ҷумҳурӣ

Апрель 4, 2015 15:46

Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.Ҳоло дар маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омода намудани қаламчаҳо дар широити мусоид бо истифода аз технологияи муосир ва ҷалби кормандони ботаҷриба ба роҳ монда шудааст. Мутахассисон талош доранд, ки қаламчаҳои солимро зиёд карда, барои парвариш ба хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат пешниҳод намоянд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шароит ва тарзи парвариши қаламчаҳои ангур баҳои баланд дода ба хоҷагидорон пешниҳод намудани қаламчаҳои ниҳолҳои гуногунро, ки зери назорати мутахссисон парвариш меёбанд, тадбири саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард. Айни замон дар озмоишгоҳҳои Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 100 намуди қаламчаҳои ангур парвариш ёфта, ин миқдор тадриҷан зиёд карда мешавад. Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти татбиқи «Стратегияи муқовимат бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар кори он ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва роҳбарияти вазорату идораҳои дигари Тоҷикистон иштирок намуданд.Оид ба сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва дигар ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта дар соҳаи мориф роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ахбороти муфассал баромад намуданд. Тавре таъкид гардид, дар сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба маориф ва дастгирии пайвастаи соҳа мақоми хосса дошта давра ба давра маблағгузории ин бахши бузурги соҳаи иҷтимоиёти мамлакат афзун карда мешавад. Соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаи маориф баробар ба 3 миллиард сомонӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2014 401 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар баробари ин афзун намудани маблағгузории соҳа аз ҳисоби сармоя, баланд бардоштани музди маош ва идрорпулӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зисту кори маорифчиён ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳа пешбинӣ шудааст.Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, хусусан дар соҳаи маориф ин ҷаласа доир гардида идомаи тадбирҳои зидди коррупсионии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Бо изҳори таассуф қайд карда шуд, ки дар давоми солҳои 2010-2014 дар соҳаи маорифи мамлакат беш аз 500 ҷинояти коррупсионӣ ва иктисодии характери коррупсионӣ дошта ва танҳо дар соли 2014 дар соҳа 101 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 22 ҷиноят ба вазорати маориф ва илм ва боқимонда ба вазорату идораҳои дигар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии сатҳу зинаҳои гуногун доранд рост меояд.Дар ҷаласа аз масъулони соҳа талаб карда шуд, ки муборизаро бар зидди коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ тақвият бахшида новобаста аз корҳои то имрӯз дар ин самт анҷом дода шуда иловатан дар пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ба барномаҳои таълимии фанҳои ҳуқуқ ворид намудани бахшҳои алоҳидаи мубориза бар зидди коррупсия, тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташфиқотӣ дар маҳалҳо хусусан дар муассисаҳои илмию таълимӣ,аз биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба мактабҳои наву замонавӣ гузаронидани синфхонаҳо, ташкили истеҳсоли сару либоси мактабии ватанӣ ва кам кардани воридоти он аз хориҷ, бунёди кӯдакистонҳо ва барқарор намудани кӯдакистонҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Апрель 4, 2015 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад