Машварати корӣ
Душанбе, 22.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.
Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайтаи шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда барои пурзур намудани мубориза бо он супоришҳои мушаххас дод.
Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба пурзур намудани мубориза бо коррупсия, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст дода шуд.
Ба муборизаи беамон ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар машварат инчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шахрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ ва пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ амри муҳим дониста шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






