Мавқеи ҷавонон дар ҷомеа
Душанбе, 18.04. 2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Тибқи нақшаи муштарак мулоқотҳои роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ва Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода бо ҷавонону донишҷӯёни фаъоли кишвар идома доранд. Чунин мулоқот дирӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ доир гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва роҳбарияти донишгоҳ ишитрок намуданд.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар мулоқот Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила доир ба маърифати занон, роҳҳои коҳиш додани вайроншавии оилаҳои ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ сухан гуфт. Таъкид шуд, ки дар замони муосир дар олам омезиши шадиди фарҳангҳо идома дорад ва дар ин давра нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи насли ҷавон аст.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маърӯзаи хеш бештар ба масъалаи падидаҳои номатлуби пайдогардида, мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳ кард.
Гуфта шуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ бештар аз 3 миллиону 200 ҳазор аҳолиро ҷавонони аз 14 то 30 сола ташкил дода, падидаҳои номатлуби дар ҷомеа пайдогардида низ ба онҳо бетаъсир буда наметавонанд. Ба таъкиди Аҳтам Абдуллозода, ҷараёнҳои ҷаҳонӣ тавассути иттилоти гуногун ба ҷавонон таъсир мерасонанд, ки ин боиси аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва эҳтироми волидайн мегардад.
Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват шуд, ки ҳамеша дар мавқеи худ устувор буда, ба иттилои бардурӯғ дода нашаванд.
Ҳамчунин дар мулоқот аз афзоиши ҷинояткорӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорӣ нигаронӣ шуд. Изҳор гардид, ки дар замони муосир аз худ кардани донишҳои технологӣ амри зарурист, аммо он бояд ба маврид истифода шавад.
Дар поёни мулоқот донишҷӯён вобаста ба мавзӯъҳои гуногун суолу дархости худро ба масъулин ирсол намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






