Мизи мудаввар бахшида ба Соли оила дар Тоҷикистон
Душанбе, 01.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Фаъолони созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониёни кишвари Хабаровск» 29 март дар шаҳри Хабаровск бахшида ба Соли оила дар Тоҷикистон мизи мудаввар доир намуданд.
Назар ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, соҳибкорони Тоҷикистон дар Хабаровск сиёсати роҳбарияти кишвар дар ҳалли масоили махсуси ҷомеа ва ба вижа ҳифзи арзишҳои оиларо мавриди муҳокима қарор доданд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо занони «Иттифоқи тоҷикистониёни кишвари Хабаровск» Маҳтоб Ғафурова, дар ҳошияи Соли оила дар кишвари Хабаровск чорабиниҳои махсус роҳандозӣ мешаванд, ки мақсад аз онҳо баланд бардоштани сатҳи саводи ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои оила ва тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






