Мизи мудаввар дар мавзӯи бехатарии маводи ғизоӣ
Душанбе,08.04.2015(АМИТ«Ховар» Муқаддас Темурзода). 7 апрел дар шахри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Бехатарии маводи ғизои» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои саноатии кишвар, созмонҳои байналмиллалӣ ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.
Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҶТ Павел Урсу зимни суханрониаш зикр намуд, ки аҳолии кишвар бояд ғизои бехатару безарарро истифода намояд. Барои ин муҳим аст, ки бахши тандурустӣ , кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, хӯроки умумӣ ва саноати хурокворӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истеъмолкунандагон бо ҳам зич ҳамкорӣ намоянд.
«Зарурати роҳандозии ислоҳоти фаврӣ дар бахши бехатарии маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон тақозои замон аст. Бунёди низоми эътирофшудаи бехатарии маводи ғизоӣ ҳам барои истифодабарандагони маҳаллӣ ва ҳам барои истеъмолкунадагони хориҷӣ гарави мувафақият пайдо намудани маводи ғизоии дохилӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин, дар навбати худ, сатҳи некуаҳволӣ ва тандурустии аҳолиро ҳатман баланд мебардорад»,- гуфт намояндаи Созмони маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Виорел Гутсу.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол 7 апрел дар кишвар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷлил гардида, масоили мухталифи марбут ба тандурустӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






