Мизи мудаввар оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Апрель 30, 2015 16:32

Душанбе, 30.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз 27 то 29-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа”таҳти сарпарастии Шуъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (ШМММҲТҲ) ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) баргузор гардид, ки дар он 7 шӯрои ҷамъиятии навтаъсиси Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Душанбе ба ҷорабинии мазкур Сафири ИМА Эллиотт Сюзан, вазири корҳои дохилӣ генерал- лейтенант Рамазон Раҳимзода ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари САҲА дар Тоҷикистон Шон Мак Гриви 27-уми апрел ифтитоҳ бахшиданд. Шахсони воломақом зимни суханрониашон нақши ҳамкории милитсия бо ҷомеаро муҳим арзёбӣ намуда, шӯроҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ВКД дар хизматрасонии он ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти риояи ҳуқуқҳои башар, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуданд. Шӯроҳои мазкур аз намояндагони милитсия, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, сарварони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва аъзои ҷомеа иборатанд.Дар ҷараёни чорабинии мазкур тақрибан 130 аъзои милитсия ва шӯроҳои номбаршуда аз кулли манотиқи кишвар бо стратегияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, густариши ҳамкорӣ, муайян намудани роҳҳои ҳалли масоили гуногун ва пешгирии ҷиноят аз наздик шинос шуданд. Миёни иштирокчиён инчунин муносибатҳои корӣ ба роҳ монда шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт. ШМММҲТҲ ва САҲА иқдом намуданд, ки аз баланд бардоштани иқтидори шӯроҳои ҷамъиятиро баҳри саҳмгузории минбаъдаи онон зимни ислоҳоти милитсия дар оянда низ дастгирӣ намоянд.Гуфта мешавад, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард.

Апрель 30, 2015 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд