«Моҷарои сари пода»-намоишнома
Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишнома таҳти унвони «Моҷарои сари пода» манзури тамошобинон шуд. Намоиши мазкур аз рӯйи асари Нурулло Абдулло таҳия гардида, коргардони саҳнаи театр Нозими Мелик онро бо лаҳҷаҳои тоҷикӣ ва урфу одатҳои мардуми деҳот, ки аксарият дар сар фикру ақидаҳои куҳна доштанд, ба саҳна гузоштааст. Коргардон саҳнаеро манзури бинандагон гардонд, ки дар сари пода як гурӯҳ мардони гуногунандешаву бешуғл бо ҳамдигар дар бораи чорвою чорводорӣ суҳбат мекарданд. Сипас, марди ниқобдоре эшонро ба асорат мегираду талаби ба гуфтаҳояш розӣ шудану сар боло накарданро мекунад. Ин гурӯҳи мардон, ки камсавод буданду ҳуқуқҳои худро намедонистанд, аз гуфтаҳояш саркашӣ накарда, дасту пойи ҳамдигарро бо дасти худ бастанду чанд рӯз бо дасту пойи баста дар саҳро монданд. Пас аз чанд рӯз он мард ба наздашон омада мебинад, ки то ҳол бо дасту пойи баста нишастаанд. Сипас, афсусхӯрон ниқоби худро аз сар гирифта, мегӯяд, ин танҳо санҷиш буд, ки шумо то кадом андоза фикру ақида дореду муҳофизи ватану зану фарзандонатон ҳастед. Асари мазкур хусусияти тарбиявӣ-ватандӯстӣ дошта, дар он чӣ гуна муҳофизат намудани марзу бум, оилаву арзишҳои миллӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст. Мақсад аз пешкаш намудани ин гуна як асари хурдакаки пурмазмунро дастандаркорон дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардуми тоҷик, аз сар дур намудани ақидаҳои куҳна ва ҷалби онҳо ба илмҳои замони муосир, аз ҷумла, аз бар намудани техникаи ҳозиразамон ва сохтани давлати пешрафта арзёбӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






