Муқовимат ба савдои одамон: семинари омӯзишӣ

Апрель 6, 2015 08:53

 Душанбе, 6.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон семинари дурӯзаи омӯзишӣ доир ба баланд бардоштани малакаи касбӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон дар чорчӯбаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 июли соли 2014 баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ва Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД вилояти Хатлон (ШММЗҶМ) иштирок намуданд.
Семинар дар доираи лоиҳаи Барномаи намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) бо дастгирии молиявии шуъба оид ба масъалаҳои муборизаи байналмилалӣ бо маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар назди Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд.
Дар семинар кормандони агентӣ ва ШММЗҶМ бо санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои миллӣ, ки масъалаҳои муқовимат ба савдои одамонро ба танзим медароранд, ҳамкории агентӣ бо мақомоти ваколатдор дар ин самт, инчунин бо асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон ва бозравонии қурбониён барои расонидани кумак шинос шуданд
 
 
 

Апрель 6, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд