Муқовимат бо коррупсия амри воқеист
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 23 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандону устодони донишкада доир гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректори донишкада Ашурбой Солиев иброз дошт, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб буда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин маҳсуб мегардад ва аз ҷиҳати макроиқтисодӣ ва сиёсӣ ин амал нанговар аст. Коррупсия ба пешрафти рушди иқтисод монеа эҷод карда, асосҳои давлатдориро суст ва сади роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Бинобар ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсионӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардидааст.
Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз фаъолияти пурсамари тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки васеи ҷомеа дар идораи давлатӣ, баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ вобаста аст, гуфт мавсуф. Ӯ санадҳои ҳуқуқию меъёрии ҷиҳати мубориза бо коррупсия қабул гардидаро номбар карда, барои кам кардани шиддати ин амали номатлуб равона гардидани онҳоро муҳим арзёб кард. Гуфта шуд, ки дарки коррупсия дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон 20% афзуда, ба 55% расидааст. Хушбахтона, дар як соли охир дар донишкада ягон амали хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҷаласа иштирокдорон андешаҳои худро доир ба мавзӯи арзёбишуда баён карда, ҷорӣ намудани курси махсус дар бораи муқовимат бо коррупсия ва ташкили маркази омӯзиши иқтисодиёти ниҳоиро пешниҳод намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






