Муҳайё гардидани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи нахустини васеи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои хамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд.
Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҶТ вобаста ба узвият ба Созмони умумиҷаҳони савдо» қабул шуд. Мақсади асосии қарори мазкур муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият ба СУС барои доираи васеи тоҷирон мебошад. Барномаи мазкур ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ бо роҳи пешниҳоди шароитҳои мусоид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволи сокинони кишвар равона шудааст.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, саъю кўшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқи уҳдадориҳои ҶТ дар назди СУС дастгирӣ менамояд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






