Муҳокимаи феҳристи марказонидашудаи савдо

Апрель 1, 2015 16:32

Душанбе, 1.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  -Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи панҷуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид. 
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарори Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар соли 2015 ба нақша гирифта мешаванд ва аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” бармеоянд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Инчунин қарор оид ба тасдиқи чорабиниҳои Гурӯҳи кории байни идоравӣ вобаста ба Қонуни ҶТ “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” барои нимсолаи аввали соли 2015 қабул шуд. Мақсади асосии қабул ва татбиқи қонуни мазкур фароҳам овардани шароити шаффофи ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, муҳайё кардани фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя бо мақсади рушди минбаъда ва такмили савдо  ва хизматрасонӣ дар савдо ва хизматрасонии маишии аҳолии кишвар мебошад.
Чорабинӣ дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.
 

Апрель 1, 2015 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид