Муҳокимаи лоиҳаи сохтмони шохаи роҳи оҳан
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, ).- Чанде пеш роҳбарияти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо намояндагони ширкати байналмилалии лоиҳакашии China Railway 20 Bureau Group Corporation мулоқот анҷом дод.
Тавре ки намояндаи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” хабар медиҳад, ширкати мазкур дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Чин воқеъ буда, ба таррҳезӣ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, сохторҳои маҳаллӣ, кӯпрук ва ғайра машғул аст.
Мақсад аз сафари меҳмонон шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва лоиҳаҳои сармоягузории бахши эъмори шохаҳои роҳи оҳан буд.
Ёдовар мешавем ки маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” лоиҳаи сохтмони шохаи роҳи оҳан аз истгоҳи Спитамен то МОИ “Суғд”- ро, ки масофааш 22 километрро ташкил медиҳад, дар ихтиёр дорад. Лоиҳаи мазкур қисми таркибии лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳани масофааш беш аз 140 километр то кони калонтарини нуқраи Кони Калони Мансур ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем ки 20 апрел раиси вилояти Суғд А. Қодирӣ ҳайати Чинро барои муҳокимаи масъалаи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан ба ҳузур пазируфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






