Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ
Қурғонтеппа,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев).- 14 апрел раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада масоили ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят нақл карда, зикр намуд, ки дар вилоят ба рушди иҷтимоиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Ҷонибҳо ҳамчунин лоиҳаҳои татбиқшаванда дар бахшҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор доданд.
Худи ҳамон рӯз Такаши Камада дар мактаб — интернати ноҳияи Вахш бо шароити таълиму зисти тарбиягирандагони он шинос шуд. Зикр шуд, ки бояд лоиҳаи гармидиҳӣ ба хобгоҳи интернат дар амал татбиқ гардад. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкорӣ дар ҳошияи лоиҳа дар сатҳи зарурӣ идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






