Муҳокимаи масоили ҷилавгирии хушунат дар оила
Душанбе,23.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Хушунат дар оила зуҳуроти ғайриқонунӣ буда, дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Хушунат, аз ҷумла, маънои зӯроварии ҷисмонӣ, психологӣ, иқтисодӣ ва шаҳватпарастиро дорад», — зикр намуд сардори шӯъбаи назорати масоили минтақавии Раёсати таъмини амнияти ҷамъиятии ВКД ҶТ Талабшо Меликов дар ҷараёни мизи мудаввар, ки 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикори ВКД пайваста бо ҳамкорӣ бо Бунёди ёрии Институти ҷомеаи кушодаи «Сорос» рӯи кор омад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳошияи ҳамкорӣ бо муассисаҳои ғайриидоравии низоми ҷилавгирии хушунат дар оила мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилагирии хушунат дар оила» баррасӣ шуданд.
Директори шӯъбаи Институти байналмилалии ҷомеаи кушодаи «Сорос» дар Тоҷикистон Зӯҳра Ҳалимова зикр намуд, ки дар ин бахш бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






