Муҳокимаи масоили гардиши қонунии прекурсорҳо

Апрель 8, 2015 10:25

Душанбе,08.04.2015(АМИТ «Ховар» Муқаддас Темурзода). Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти ҶТ  ба  манзури ҷилавгирии қочоқи прекурсорҳо  ва  роҳ надодан ба халалдор сохтани гардиши қонунии онҳо  бо омӯзгорони кафедраи кимиёи умумӣ ва  ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба  номи  М. Осимӣ, мутахассисони Ҷамъияти масъулияташ  махдуди «Тоҷикчарм»  ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Нафтугаз» иқдоми тавзеҳотиро роҳандозӣ  намуданд.
Назар  ба  хабари  Агентии назорати маводи  нашъаовари ҶТ, кормандони агентӣ дар  ҷараёни вохӯрӣ усулҳои ба даст овардани ҷавозномаҳо  барои корхонаҳо, ташкилотҳо ва  заводҳое, ки зимни  фаъолияти рӯзмарраашон прекурсҳоро  истифода  менамоянд,  муфассал тавзеҳ доданд.
Ҳамзамон  шарту талаботи ироаи ҳисобот дар  бораи нигаҳдорӣ, қабул  ва  истифодаи  прекурсорҳо мутобиқи нақшаи тасдикшуда  ба  ҳозирон тавзеҳ дода шуд.
 
 

Апрель 8, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад