Муҳокимаи масоили табодули таҷриба
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ Ховар,МуқаддасТемурзода ).- 14 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдулло Навҷавонов ва сардори маркази озмоишию ҷиноятсанҷии ВКД Русия Пётр Гришин баргузор гардид.Назар ба хабари ВКД ҶТ, дар мулоқот сардорони раёсатҳои маркази зикршуда полковникҳои пулис Николай Мартинников ва Игор Богданов низ ширкат доштанд.Ҷонибҳо масоили табодули таҷриба дар самтҳои фаъолияти озмоишию ҷиноятсанҷӣ, тарбияи кадрҳо, доир намудани мулоқотҳо дар ҳудуди Русия ва омодагӣ ба ҷаласаи Ҳайати раёсати муттаҳидаро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар анҷоми мулоқот намояндагони ВКД Русия барои ҳамкории судманд ва саҳми шахсияшон дар амри таҳкиму густариши ҳамкории байни ҳарду вазорат бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Барои мусоидат мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






