Муҳокимаи вазъи амнияти Афғонистон
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Душанбе нишасти муҳокимавии ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои намояндагони расмии Тоҷикистон аз рӯи вазъи амнияти Афғонистон баргузор гардид.
Тавре ки ВКХ ҶТ хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ӯҳда дошт.
«Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори дастгирии сулҳу суботи кишвари ҳамсоя аст. Мамлакати мо бо дарназардошти ин дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба Афғонистон иштирок намуда, ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ дар риштаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки ба рушди иқтисодиёт ва амнияти Афғонистону минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, ҳисса мегузорад». — гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ИМА аз соли 2011 инҷониб барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи Афғонистон нишастҳои ммуҳокимавӣ доир менамояд, ки мақсад аз онҳо табодули афкор роҷеъ ба раванди пуштибонии сулҳу амнияти Афғонистон аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






