Муаррифии фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик
Душанбе, 21. 04. 2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Ба хотири дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва илмӣ барои ворид намудан ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамасола ногӯйҳо аз ҷониби давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, ки он имконияти хуби муаррифии фарҳанги ғании миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда расонидани он имконият фароҳам меоранд.
Тибқи иттилои раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни ҳол, аз ҷониби мутахассисони вазорат омӯзиши илмӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳияи матни мукаммали номгӯйи «Оши палав» (бахши таомҳо ва анъанаҳои миллӣ), инчунин номгӯйи мусиқии суннатии тоҷик Фалак (санъати иҷрокунандагӣ) ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО анҷом дода шуда, ҳуҷчатҳо барои ворид намудан ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд.
Зимнан дар ҷаласаи навбатии Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ, ки соли равон дар Намибия доир мегардад, номгӯйи «Чакан» барои ворид намудан ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Бояд тазаккур дод, ки пешниҳоди номгӯйҳои мазкур имконияти мусоиди муаррифии фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол додани он имконият фароҳам меоранд.
Ҳоло аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти таҳқиқи ҳунари «Читгарӣ» ва номгӯйи «Атлас», таҳия ва пешниҳоди номгӯйҳои ин намунаи барҷастаи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






