Муаррифии имкониятҳоии туристии Тоҷикистон дар Корея
Душанбе, 23.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз 23-юм то 24-уми апрели соли равон ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории давлатҳои масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар шаҳри Сеули давлати Корея баргузор мегардад.
Тоҷикистонро дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар баробари 19 давлати дунё муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ризо Назарзода намояндагӣ мекунад. Дар доираи чорабинии байналмилалӣ имкониятҳои туристии мамлакат тавассути маводи иттилоотӣ ва тарғиботӣ, инчунин саҳми Тоҷикистон дар эҳё ва рушди Шоҳроҳи бузурги Абрешим муаррифӣ мегардад.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, моҳи августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон низ аввалин Конфронси байналмилалии туристӣ ва Фестивали сайёҳиву фарҳангии «Мероси роҳи Абрешим» ба нақша гирифта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






