Мубориза ба муомилоти маводи мухаддир аз тариқи Масири героин
Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи Лоиҳаи “Шабакаҳои иттилоотӣ қад-қади Масири героин” марҳилаи дуюми Барномаи “Мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тариқи Масири героин”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи лоиҳавӣ Томас Патрик Картер, машваратчии гурӯҳи лоиҳавӣ Грегори Китселл, намояндагони ВКХ, Агентии назорати маводи нашъаовар, СҚС, КДАМ, Хадамоти гумрук ва ВКД иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ нисбат ба таҳияи лоиҳа, чорабиниҳо дар доираи лоиҳа, ки барои соли 2015 ба нақша гирифта шудаанд, иттилоъ дода шуд.
Масъалаҳои курсҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои мухталиф: низом ва раванди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси иттилооти фаврӣ, механизми табодули иттилоот, гузаронидани амалиёти мухталиф, усулҳои бурдани тафтишоти молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






