Мубориза бар зидди малах: машварат
Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар мавзеи «Оқгаза»- и ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Бохтар машварати вилоятӣ “Оид ба ташкили роҳҳои мубориза бар зидди малах” бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳматоир Зокиров ва директори Корхонаи ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малахи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Ғаниев баргузор гардид.Дар машварат сардорони ситод оид ба ташкили роҳҳои мубориза бар зидди малах, сармутахассисони КВД «Мубориза бар зидди малах» ва филиали муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.Дар қисми амалии машварат сармутахассиси филиали КВД «Мубориза бар зидди малах» Исмоил Мирзоев ба иштирокчиён омода намудани маҳлулҳо ва истифодаи дурусти заҳрдоруҳоро фаҳмонид.Ҳамчунин муовини якуми раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон, директори корхонаи ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малахи Вазорати кишоварзии ҶТ Қиёмиддин Ғаниев «Оид ба биологияи малахи марокашӣ ва роҳҳои мубориза ба зидди он» сухан гуфтанд.Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳматоир Зокиров оид ба қабули «Барномаи мубориза бар зидди малах» ва таҳияи барномаи нав ҳарф зада, ба масъулин дастур дод, ки хулосаҳои худро барои таҳияи барномаи нави мубориза бар зидди малах пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






